СУРУДИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шеъри Гулназар Келдӣ
Оҳанги Сулаймон Юдаков

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем

Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту,
канори ту

Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,
ҳабиби мост,

Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

 

ИҚТИБОС АЗ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

БОБИ 4 СУРУДИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 9. Суруди Миллии Ҷумхурии Тоҷикистон ва тартиби иҷрои он

1. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ аз матн ва оҳанг иборат буда, дар мавридҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун иҷро карда мешавад.

2. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи оркестр (созӣ), хор, оркестрӣ-хорӣ ё худ ба тариқи созию овозӣ иҷро карда мешавад. Ҳамчунин барои иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои техникии сабт истифода бурдан мумкин аст.

3. Дар ҳолати иҷро кардани Суруди Миллӣ ба тариқи созию овозӣ он пурра сароида мешавад, агар Суруд ба тариқи созӣ қисман иҷро гардад, сарахбори хор ва нақаротро як бор навохтан мумкин аст.

4. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд саҳеҳ, мувофиқи матн ва оҳанг иҷро карда шавад.

5. Ҳангоми ба тариқи расмӣ садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин аз ҷой бармехезанд.

Моддаи 10. Мавридҳои иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад:

- баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурӯи вазифа;

- дар оғозу анҷоми ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди умумихалқӣ эълон шудаанд;

- ҳамарӯза ҳангоми оғозу анҷоми барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ;

- ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва чорабиниҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон, мувофиқи иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ созмон медиҳанд;

- ҳангоми маросими расмии пардабардорӣ аз рӯи ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, лавҳаҳои хотира ва дигар иншоотҳои мансуб ба муҳимтарин воқеаҳои таърихии ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ, ба шарафи қаҳрамонони Тоҷикистон, арбобони сиёсӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, ходимони илм, адабиёт ва фарҳанг;

- ҳангоми сарфароз гардонидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҳалҳои аҳолинишин, корхона, муассиса ва ташкилотҳо бо мукофотҳои давлатӣ;

- ҳангоми истиқбол ва гусели сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ташриф меоранд, баъди иҷрои Суруди Миллии давлатӣ онҳо;

- ҳангоми баргузории маросимҳои ҳарбӣ;

- ҳангоми тантанаҳои умумӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳангоми баргузории мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ ва дохилиҷумҳуриявӣ мувофиқи қоидаҳои гузаронидани ин мусобиқаҳо;

- ҳангоми баргузории маросимҳои расмӣ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти расмии давлати дахлдор.

2. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо боло бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад ва ҳозирин ба Парчами давлатӣ рӯ меоваранд.