Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ
Институти илмию тадқиқотии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ дар асоси Амри Шўрои Вазирони ИҷШС аз 2–октябри соли 1984, №1948 ва дар асоси қарорҳои КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шўрои вазирони ҷШС Тоҷикистон аз 18-декабри 1984 №353, таъсис гардида, бо Қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №215, аз 2-майи соли 2008 бо таҳти унвони Муассисаи давлатии илмии «Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон» ва дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №215, аз 2-майи соли 2008 ба Қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №487, аз 31 августи соли 2020 бо таҳти унвони Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии кишоварзӣ номгузорӣ шуда, шомили Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад.
Институт тибқи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати илмию техникии давлатӣ» №597, аз 21 майи соли 1998 амал менамояд ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, дорои мувозинаи мустақил, муҳри мудаввар ва дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисоби ҷорӣ, арзӣ ва ҳисобу китоб дорад.
Институт бо қарори Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ аз 28 майи соли 2019, №13 аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, дар таърихи 03.06.2019 соҳиби Шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ силсилаи АК-1№ 0000135 гардид.
Сохтор ва ҳайати кормандон. Дар Институт 6 шуъба фаъолият мекунад:
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ранга, якранг ва ё сиёҳу сафед истифода бурда мешавад.
Шуъбаи омӯзиши равандҳои кластерикунонӣ дар комплекси агросаноатӣ;
Шуъбаи омӯзиши равандҳои инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ;
Шуъбаи омӯзиш ва мониторинги амнияти озуқаворӣ;
Шуъбаи омӯзиш ва мониторинги сармоягузорӣ дар комплекси агросаноатӣ;
Шуъбаи таълим;
Шуъбаи иттилоот, мониторинги барномаҳои соҳавӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ фаъолият мекунанд.
Дар татбиқи корҳои илмию таҳқиқотӣ 56 нафар кормандон, аз ҷумла 33 нафар ходимони илмӣ машғул мебошанд, ки аз онҳо 10 нафар номзади илм ва 4 нафар доктори илмҳои иқтисодӣ буда, 1 нафар академики АИКТ мебошанд. Дар ҳамкорӣ 2 доктори илм ва 3 номзади илм фаъолият доранд.
Роҳбарони Институт:
Пиризода Ҷ.С. академики АИКТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, аз соли 2017 то ҳол роҳбарии Институтро ба уҳда дорад.
Ҳоҷибоев А.Г. д.и.и., профессор, академики АИКТ, аъзои вобастаи Академияи Федератсияи Русия, солҳои 1984-1993.
Ғафуров Х. аъзои вобастаи АИКТ, д.и.и., профессор, солҳои 1995-2007.
Пиризода Ҷ.С., аъзои вобастаи АИКТ, д.и.и., профессор, солҳои 2007-2011.
Амиров Н.И. н.и.и., солҳои 2011-2017.