Маълумоти расмӣ оид ба соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи мухимтарини истеҳсолоти -неъматҳои моддӣ мебошад.
Дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ, дар натиҷаи таҷдиди колхозу совхозҳо ва дар заминаи онҳо таъсиси шаклҳои нави хоҷагидорӣ: хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ, корхонаҳои иҷоравӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳои аҳолӣ ва ғайра, дар соҳа ба вуҷуд омаданд, фаъолият менамоянд.
Дар соли 2022 дар ин соҳаи муҳими иқтисодиёт, ба истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 176984 хоҷагиҳои калон, миёна ва хурд, аз онҳо 159 хоҷагиҳои давлатӣ, 59 ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, 3583 хоҷагиҳои деҳқонии колиективӣ, 398 ҷамъияти саҳомӣ ва ҶДММ, 615 хоҷагиҳои ёрирасон дар назди корхонаю - ташкилотҳои кишоварзӣ ва 172107 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд.
Бино бар нишондиҳандаҳои расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2022 - ум 49272,5 млн. сомониро (бо нархҳои муқоисавии соли 2021) ташкил намуд, аз ҷумла дap соҳаи растанипарварӣ 33902,1 млн. сомонӣ ва чорводорӣ 15370,4 млн. сомонӣ.
Аз ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ, ки дap соли 2022 истеҳсол шудааст, ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 12,3 фоиз, деҳқонӣ 41,1 фоиз ва хоҷагиҳои аҳолӣ 46,6 фоизро ташкил кард.
Соли 2022-ум дар ҳамаи категориҳои хоҷагидорӣ 1756,3 ҳазор тонна ғалладонагӣ, 404,7 ҳазор тонна пахта, 1094,4 ҳазор тонна картошка, 2714,8 ҳазор тонна сабзавот, 842,6 ҳазор тонна полизӣ, 512,0 ҳазор тонна мевагиҳо, 301,1 ҳазор тонна ангур, 349,1 ҳазор тонна гӯшти чорво ва паранда (бо вазни зинда), 1064,2 ҳазор тонна шир, 1212,2 млн дона тухм, 8377,0 тонна пашм, 393,0 тонна пилла, 4565,0 тонна асал истеҳсол шудааст.
Саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ дар охири соли 2022-ум 2553,7 ҳазор сарро ташкил намуд, аз ҷумла модагов 1325,2 ҳазор cap, гӯсфанду буз 6317,2 ҳазор cap, асп 85,6 ҳазор cap ва паранда 11286,3 ҳазор cap. Нисбат ба соли 1991 дар ҳамаи категориҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 1163,1 ҳазор cap ё 1,8 баробар, саршумори гӯсфанду буз 3354,3 ҳазор cap ё 1,9 баробар, асп 33,0 ҳазор cap ё 1,6 баробар ва саршумори паранда 4699,9 ҳазор cap ё 71,3 фоиз зиёд шудааст.