Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, иҷрои он ҳамчун кафолати давлат ба қонеъ намудани талабот ба озуқа барои зиндагии мӯътадили аҳолӣ дониста мешавад.
Бо назардошти муҳиммияти масъала ва таъмини амнияти озуқавории кишвар баробари дигар барномаҳои соҳавӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №386 «Дар бораи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» ба тавсиб расидааст, ки он аз нақшаи чорабиниҳо иборат буда, ҳадафи асосӣ истифодаи оқилонаи захираҳои кишоварзӣ, тақвият додани рушди устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва дастрасии физиологию иқтисодии ҳар як шаҳрванд ба озуқавории безарар, пешгирӣ намудани хавфҳои дохилӣ ва берунаи амнияти озуқаворӣ ва шомил шудани ҷумҳурӣ ба гурӯҳи давлатҳо бо сатҳи устувори таъмини амнияти озуқаворӣ (на кам аз 70 фоиз) мебошад.
Суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз соли 1998 оғоз гардида, баъзе солҳо беш аз 110 фоизро ташкил дод. Дар айни замон дар ин соҳаи муҳими иқтисодиёт, ба истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ беш аз 172,0 ҳазор хоҷагиҳои хурду миёна ва калон машғуланд. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар 11 моҳи соли 2023-юм 57,2 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2022-ум 7,8 % зиёд мебошад.
Аз ҷумла растанипарварӣ – 41,0 ва чорводорӣ 16,2 млрд сомониро ташкил дода, аз ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ, ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъияти 9,7%, деҳқонӣ 43,5% ва хоҷагиҳои аҳолӣ 46,8 фоиз мебошад.
Тамоюли афзоиши шумораи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ
Тамоюли афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон
Бино бар нишондиҳандаҳои расмї дар натиҷаи баланд шудани маданияти истифодаи замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардида, аз 18,9 миллиарди соли 1992 ба 57,2 миллиард сомонӣ дар 11 моҳи соли 2023 расонида шудаст, ки 3,0 баробар зиёд мебошад.
Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ агар дар соли 1991-ум ҳамагӣ 292 ҳазор тоннаро ташкил дода бошад, пас ин нишондод дар 11 моҳи соли 2023-юм ба 1,7 млн тонна расид, ки афзоиш 6 маротиба мебошад.
Ҳамчунин дар давраи истиқлолияти давлатӣ ба истифодаи самараноки заминҳо ҳаҷми истеҳсоли картошка 10,3 маротиба, сабзавот 8,8 маротиба, полизӣ 17,5 маротиба, меваҷот 3,6 маротиба ва ангур 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар соҳаи чорводорӣ низ давраи соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаҳо назаррас буда, дар натиҷаи меҳнати самарабахшу софдилон саршумори чорвои калону майда, паранда, асп, оилаи занбӯри асал ва харгуш аз 1,6 то 7,2 маротиба ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа аз қабили гӯшт, шир, тухм, пашм, моҳӣ ва асал аз 1,4 то 7,7 маротиба зиёд гардидааст.
Айни замон соҳаи кишоварзии мамлакат то 25 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин намуда, баҳри таъмини босубот ва мутносиби аҳолии кишвар бо озуқаворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ, ки барои тавсеаи такрористеҳсолкунӣ зарур аст, мусоидат менамояд.
Маълумот оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
Истеҳсоли маҳсулотҳои асосии кишоварзӣ ба як нафар аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1991-2023
Ҳамзамон, рушди инфрасруктураи истеҳсолии соҳа (сохтмони сардхонаҳои ҳозиразамони нигаҳдории маҳсулот, ҷойгиркунии корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот ва банду басти он дар маҳалҳои истеҳсолот, таъмири роҳҳои дохилихоҷагӣ, харидории мошинҳои махсуси боркаш) дар ноҳияҳои дурдаст низ яке аз омилҳои рушди босуботи соҳа ба ҳисоб меравад, ки ба талабои руз ҷавобгӯ набуда, боиси талафёбии зиёда аз 30% маҳсулоти истеҳсолшуда мегардад.
Шумора ва ғунҷоиши яхдон, сардхона ва анборхона
Тамоюли рушди соњаи боғу токпарварӣ дар солҳои 1991-2023