Имрӯз, 13-уми декабри 2024 сол дар Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ, конференсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯъи:"Рақамикунонӣ дар соҳаи кишоварзӣ - омили муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ", гузаронида шуд. Конференсияи мазкур тибқи Қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024 дар бораи "Нақшаи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, рӯзҳои саҳроӣ, фермерӣ ва мизи мудаввар бо ташаббуси муассисаҳои илмии АИКТ барои соли 2024 ",ташкил ва баргузор гардид.

Дар конференсия инҳо суханронӣ намуданд:

Салимзода Амонулло Файзулло, президенти АИКТ, д.и.и., узви вобастаи АИКТ

Пиризода Ҷалил Сафар, директори Институти иқтисодиет ва ТСРК АИКТ, д.и.и., академики АИКТ

Акрамов Комилҷон, ходими калони Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сиёсати ғизо (IFPRI).

Сипас, дар қисми назариявӣ бо мавзӯъи зерин инҳо баромад намуданд:

"Асосҳои институтсионалии рақамикунонӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Қудратзода Рустам Раҳмат, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

"Таъмини иттилоотии идоракунии амнияти озуқаворӣ", Мирсаидов А.Б., д.и.и.,профессор, муовини директори Институти иқтисод ва демографияи АМИТ. "Назаргузории хизматрасониҳои нақлиёти автомобилии деҳот дар шароити рақамикунонӣ", Раҷабов Р.Қ., д.и.и., профессори ДДТТ.

"Таъсири COVID-19 ба амнияти озуқаворӣ ва сохтори зироат дар Тоҷикистон ", Ҷовидон Алиев, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сиёсати ғизо (IFPRI). "Рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Асадуллозода И., директори КВД "Маркази Рақамикунонӣ " Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамзамон, дар кори конференс, дар баробари самтҳои дар боло зикр гардида боз масъалаҳои самтҳои ояндадори рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ мисли: бартариҳо ва камбудиҳои рақамикунонии иқтисодиёт, ислоҳоти ҳисоботи омории корхонаҳои кишоварзӣ дар иқтисодиёти рақамӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳим мавриди муҳокима, баррасӣ ва андешаронӣ қарор гирифта, тавсияҳои аз ҳисоби илмӣ асоснокшуда ҷиҳати тадбиқи рақамикунонӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи таъмини амнияти озуқаворӣ пешниҳод гардиданд.