30 ноябри соли 2024 дар ноҳияи Файзобод семинари илмию амалии минтақавии Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ дар мавзӯъи "Равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи парандапарварӣ", гузаронида шуд. Семинари мазкур тибқи Қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024, дар бораи "Нақшаи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, рӯзҳои саҳроӣ, фермерӣ ва мизи мудаввар бо ташаббуси муассисаҳои илмии АИКТ, баргузор гардид. Дар семинар инҳо баромад намуданд: Пиризода Ҷ.С д.и.и., академики АИКТ, бо мавзӯъи "Дестгирии давлатии соҳаи парёрандапарварӣ"; Камолзода Д, академики АИКТ оиди "Самарабахшии истифодаи хӯрокҳои ғайри анъанавии маҳаллӣ дар ғизоӣ парёрандаҳои кишоварзӣ"; Амиров Н.И, мудири шӯъбаи Институти иқтисодиёт ва ТСРК АИКТ, н.и.и, бо мавзӯъи "Таъмини рушди инноватсионии бахши парандапарварӣ дар ҶТ"; Давлатов Б.Д, ходими калони илмии озмоишгоҳи касалиҳои паранда, занбури асал ва моҳии Институти тибби ветеринарии АИКТ, бо мавзӯъи "Омилҳои рушди соҳаи парандапарварӣ дар комплекси агросаноатии ҶТ. Сипас ҳайати иштирокунандагони семинар ба ҶДММ "Ганҷи ҳилол" , ҳозир шуда дар амал кору фаъолияти корхонаи мазкурро аз наздик дидан намуданд.