13 ноябри соли 2024 дар шаҳри Турсунзода конференсияи илмию амалии минтақавии Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ дар мавзӯъи " Рушди инфросохтори истеҳсолии деҳот:-тамоюлҳо ва мушкилотҳо ", гузаронида шуд. Конференсияи мазкур мувофиқи қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024 таҳти N 4, дар бораи "Нақшаи баргузории конференсия, семинар ва машваратҳои илмии АИКТ, баргузор гардид. Дар конференсия инҳо баромад намуданд: Пиризода Ҷ.С, директори Институти иқтисодиет ва ТСРК АИКТ, академик, д.и.и., профессор, бо мавзӯъи " Инфрасохтори кишоварзии Тоҷикистон: ҳолати имрӯза, муаммоҳои мавҷуда ва зарурияти рушд"; Назиров Ҳ.Н., сарходими илмии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, профессор, д.и к., бо мавзӯъи "Технологияи ҳозиразамони парвариши ниҳол асоси самаранок гардонидани бунёди боғҳои дарахтони мевадиҳанда "; Амиров Н.И., мудири шӯъбаи Институти иқтисодиёт ва ТСРК АИКТ, н.и.и., бо мавзӯъи "Рушди инфросохтори деҳот ҳамчун омили таъмини амнияти озуқаворӣ"; Ятимов Х.М., н и.и., дотсент, мудири шӯъбаи омузиши равандҳои кластеркунонӣ дар комплекси агросаноатӣ Институти иқтисодиёт ва ТСРК АИКТ, бо мавзӯъи "Рушди инфросохтори истеҳсолии деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон "; Ҷовидон Алиев, корманди пешбари илмии Институти байналмилалии пажуҳиши сиёсати ғизо IFPRI бо мавзӯъи "Тағйирот дар истеҳсолоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон: Далелҳо аз пурсиши хонаводаҳо дар солҳои 2015,-2023". Сипас ҳайати иштирокунандагони конференсия ба ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмон, деҳаи "Ғайрат" ҳозир шуда, дар хоҷагии деҳқонони " Ғайрат 2020" аз Гармхона, Сардхона ва ҷои хушконидани ангур, кӣ аз он мавизи аълосифат тайёр мешавад, дидан намуданд.