Санаи 15.11.2024 сол дар толори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ, бахшида ба Рӯзи Президент, кӣ ҳамасола 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" Рӯзи Президент муайян карда шудааст, ҷаласа гузаронида шуд. Дар ҷаласа кормандони Институт баромад намуда, саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад, суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, ҳангоми баромади кормандон: Наимзода Мирали, Ергашева Танзила ва Маҳмадзода Назокат, кӣ бо амри тақдир ва ифтихори бузург бевосита бо мӯҳтарам Президент кор ва фаъолият мекарданд, ба ёд оварда чунин қайд намуданд, кӣ:- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд ва дар баробари ин ҳамчун Роҳбари содиқи кишвар - шахси хоксору меҳрубон ва самимӣ ҳам мебошанд.
Бинобарин таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва миллати мо нисбат ба сарвари маҳбубу роҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи пешвои муаззами миллат аст.