4 октябр 2024 дар Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ, ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис Директори Институт-академики АИКТ Пиризода Ҷалил Сафар баромад намуда қайд намуданд, кӣ: - "Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд".
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҷашни миллиест,кӣ рузи 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Аз соли 1989 то соли 2009 дар Ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун "Рӯзи забон" ҷашн гирифта мешуд.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", тағйирот даровард ва рузи 5 октябр-Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.2009с.,N619) эълон шудааст.
Бинобар ин муқаддастарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, пок нигоҳ доштани ин ганҷинаҳои бебаҳост, кӣ дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамояд,: - "Моро зарур аст, кӣ ба ин рукни муқаддаси миллӣ, яъне забони давлатӣ арҷ гузорем ва онро барои фарзандон ба мисли аҷдоди некноми худ бегазанд ба мерос монем".
Аз ин рӯ, вазифаҳои ҳар кадоми мо ҳифзу эҳтиром ва гиромидоштани забони давлатӣ аст.