Санаи 27.08.2024 дар толори Институти иқтисодиёт ва ТСРК, мизи мудаввар дар мавзӯи "Рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда дар соҳаи кишоварзӣ ", тибқи Қарори АИКТ аз 31 январи соли 2024, N4 " Нақшаи баргузории конференсияю семинарҳои илмии амалии байналмилалӣ,ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, рӯзҳои саҳроӣ, фермерӣ ва мизи мудаввар бо ташаббуси муассисаҳои АИКТ барои соли 2024" бо иштироки намояндагон ва коршиносони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони АИКТ ва намояндагони идораи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Онҳо дар баромадашон қайд намуданд, кӣ яке аз омилҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зикр гардида, вобастагии Тоҷикистон аз воридоти баъзе намудҳои озуқаворӣ мебошад, кӣ хавфу хатари муайянеро барои амнияти озуқавории кишвар ба миён меорад. Ин зарурати воридотивазкуниро маҳз дар соҳаи кишоварзӣ ба мавқеи аввал мебарорад. Дар бобати воридотивазкунӣ дар доираи қоидаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо афзалият дар рушди истеҳсоли дохилии Тоҷикистон бояд маҳз бо истеҳсоли озуқаворӣ дода шавад. Аз ҷумла: гӯшт, тухм, маҳсулоти ширӣ, маҳсулоти ордӣ, маҳсулоти қаннодии шакардор, конфетҳои шоколадӣ, макарон, равғани пахта, офтобпараст, зағир, маъсар ва намудҳои дигари равғани растанӣ. Дар хотима дар кори мизи мудаввар баҳсҳо ва пешниҳодҳо карда шуд.