Ба Шумо эҳтиромона маълум менамоем, ки тибқи Қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024, дар бораи “Нақшаи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, рӯзҳои саҳроӣ, фермерӣ ва мизи мудаввар ташаббуси муассисаҳои илмии АИКТ барои соли 2024” Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ моҳи августи соли 2024 конференсияи илмию амалии минтақавиро дар мавзўи «Рушди инфрасохтори истеҳсолӣ: тамоюлҳо ва мушкилотҳо» дар шаҳри Турсунзода баргузор менамояд.
Дар кори конференсия иштироки доираи васеъи коршиносону олимони соҳа дар назар аст.
Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем то 20 августи соли 2024 гузоришу мақолаҳо ва тезисҳои худро ба сомонаи электронии Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ бо риояи талаботҳои зерин ирсол намоед.
Матн дар компютер бо редактори (Word формати doc. RTF), шрифти Times New Roman Tj андозаи 14 бо фосилаи байни сатрҳо 1,5 ва сархати 1см, андозаи ҳошияҳо: аз боло ва поён 2см, аз чап 3см ва аз рост 1,5см. Ҳаҷми мақола то 8 саҳифа бо дарназардошти аннотатсия ва калимаҳои калидӣ.
Макони баргузории семинар: шаҳри Турсунзода.
E-mail: iesh.tashn@mail.ru
Тел.: (+992)-902-22-36-90, 907-62-47-47